Дар Бохтар 200 саги бесоҳибро безарар гардониданд
Дар шаҳри Бохтар беш аз 200 саг безарар карда шуд. Сабаби безарар кардани сагҳои бесоҳиб ин пешгирӣ аз осеб расонидан ба сокинон аст.
Масъулин мегӯянд, ки безарар кардани ҳайвонҳои бесоҳиб ба хотири осеб надидани сокинон ва пешгирӣ аз бемории ҳорӣ аст.
Бо вуҷуди ин, дар нуҳ моҳи соли равон 79 нафар аз сагҳои дайду зарар дидаанд, ки назар ба соли 2023-юм 12 ҳолат кам мебошад.
Хушбахтона, гирифтории сокинон ба бемории ҳорӣ ва фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Бохтар гуфтанд, ки хушбахтона се сол аст, ки бемории ҳорӣ ба қайд гирифта намешавад.
“Мо ба Хоҷагии коммуналии шаҳри Бохтар барои пешгирӣ аз зиёдшавии сагҳои дайду ва бесоҳиб амрномаи санитарӣ додем ва онҳо вазифадоранд, ки ин масъаларо ҷиддӣ зери назорат гиранд”,-иттилоъ дод манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ