Дар  Бохтар лихорадка 1  занро кушт ва 3 нафар беморанд

 Як  сокини деҳаи Пасариқи ноҳияи Бохтар бо исми Фотима Қосимова  аз таби хунин фавтид.

Мақомоти ноҳияи Бохтар гуфтанд, ки ин занро канаи гов газидааст ва  ӯ баъди бистарӣ шудан дар бемористони касалиҳои сироятии ви лояти Хатлон  ҷон додааст.

Аз даргузашти ин зан чаҳор рӯз гузаштааст, вале мақомот нав ин хабарро тасдиқ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар ҳоли ҳозир боз се сокини минтақа аз таби хунин ранҷ мекашанд ва пизишкон барои ҷилавгирӣ аз паҳн шудани ин беморӣ тамоми чораҳоро рӯи даст гирифтаанд.

«Ин се нафар бо Фотима Қосимова ҳеҷ хешутаборӣ надоранд, аммо ҳамдеҳагони ӯ ҳастанд. Ҳоло таҳти назорати табибон қарор доранд,» гуфтаанд дар ҳукумати ноҳияи Бохтар.

Табибон  бемории таби хунинро аз қабили бемориҳои хатарноки сироятӣ унвон мекунанд. Онҳо мегӯянд, ҳангоми гирифтор шудани инсон ба ин беморӣ агар нафари сироятёфта дар муддати 3-5 рӯз зери назорат ва табобат гирифта нашавад, бемор ба марг рӯ ба рӯ хоҳад гашт.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *