Дар Бохтар пайкарае бо номи “Модар — умеди дидор” месозанд (аудио)
Дар назар аст, ки дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон пайкара ва гулгаштеро бо номи “Модар — умеди дидор” бунёд кунанд. Ин иқдоми масъулин ҳоло дар ин минтақаи кишвар собиқа надорад.
Аз мақомоти маҳаллии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки барои мувофиқа бо роҳбарият дар се шакл лоиҳаи ангоравии пайкара ва гулгашти “Модар — умеди дидор” пешниҳод шудааст. Дар сурати қабул ва иҷозат барои сохтмон, кор шуруъ хоҳад шуд.
Аз Раёсати сохтмони асосии шаҳри Бохтар низ гуфтанд, ки барои амалӣ кардани ин тарҳ 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ дар буҷети соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. “Ин маблағ барои пурра ба охир расонидани сохтмон кам аст. Майдони умумии гулгашт ҳудуди 0,60 гектарро ташкил хоҳад дод”,- гуфтанд масъулин.
Бунёди гулгашт ва пайкараи “Модар — умеди дидор” ҳоло дар вилояти Хатлон собиқа надорад. Соле қабл дар вилояти Суғд Маҷмааи “Дуои модар” бо иштироки Роҳбари давлат ифтитоҳ карда шуд. Сокинон дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ин кори масъулин ситоиш карданд.
Машраби АЛОВИДДИН
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ