Дар Бохтар сохтмони 270 иншоот идома дорад
Ба хотири истиқболи шоиста аз 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бохтар сохтмони 270 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин миён бунёди бинои иловагии таълимӣ ва муассисаҳои таълимӣ ҳам ҳастанд.
Шоиста Абдуназарзода, мудири шуъбаи маориф дар шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки дар наздиктарин фурсат муассисаи томактабии хусусӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ӯ мегўяд, ки кӯдакистон бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми соҳибкор сохта шудааст. Ба таъкиди вай, ҳоло сохтмони ду бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 6 ва 8 идома доранд. Баъди ба охир расидани корҳои сохтмонӣ барои 940 хонанда дар як баст ҷойи нишаст ташкил хоҳад шуд.
Аз шуъбаи меъмеорӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар гуфтанд, ки дар доираи 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳр сохтмони 270 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ба иттилои масъулин, барои зиёд кардани ҷойи нишасти хонандагон ва таъмини шароити боз ҳам беҳтари таълиму тарбия, бунёди як муассисаи таълимӣ дар маҳаллаи Дўстӣ ва як муассисаи дигари таълимӣ дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф дар назар аст.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ