Дар буҷаи ҷамоат пул нест! Мукофотпулӣ аз куҷо?
— Муҳтарам Раис! Аз боло супориш шуд, ки ба зудӣ ҳисоботи солонаро пешниҳод кунем.
— Хайр, пешниҳод кунед!
— Хоҷагиҳо ҳанӯз ҳисоботи худро пешниҳод накардаанд. Ман намедонам, ки дар умум дар мо чӣ қадар картошка кишт шуд, ҳисоботи чорвои хурду калон низ нест. Мо чӣ қадар паранда парвариш мекунему чӣ қадар харгӯш дорем? Ман ин ҳама маълумотро аз куҷо дастрас кунам?
— Ин хеле осон аст. Ман як бор нишон медиҳам. Оянда худат аз рӯи ҳамон омода мекунӣ.
— Гӯш мекунам, Раис.
— Навис! 50 гектар картошка кишт кардем.
— Ин маълумот аз куҷост? Дар ҳудуди ҷамоати мо ин қадар кишт нашудааст ку!
— Чӣ хел нашудааст? Шуд. Мо чанд хоҷагӣ дорем?
— 5000 хоҷагӣ.
— Сари ҳар хоҷагӣ 5 сотих ҳисоб кардан гир, мешавад 50000. Кӣ дари хонаи ҳар хоҷагӣ рафта ҳисоб мекунад? Агар санҷанд ҳам, воқеан дар назди ҳавлии ҳама одамон картошка кишт шудагӣ аст ку. Яке камтар, дигаре бештар. Мо ҳисоби умумиашро мегирем.
— Аз боло талаб доранд, ки мо кишти картошкаро ба 60 гектар расонем.
— Ин тавр бошад, сари ҳар хоҷагӣ 6-сотихӣ навис, мешавад 60 гектар.
— Саршумори чорворо чӣ хел муайян кунем? Саршумори гӯсоларо чӣ?
— Ба ҳар 5 хоҷагӣ 1 гов нависӣ, чанд мешавад?
— 1000.
— 1000 навис!
— Гӯсола?
— 700 гӯсола навис.
— Мо ҳисоб накардаем ку, ман чӣ хел 700 нависам?
— Хайр аз 1000 гов 300 гов қасир бошад, 700-тояш зоидагист ку. 700 навиштан гир.
— Паранда?
— 9500 навис.
— Ин маълумот аз куҷо?
— Агар аз 5000 хоҷагӣ нисфаш 3-тоӣ мурғ дошта бошад, чандто мешавад?
— 7500.
— Ана дидӣ? Ҳисобат дуруст. Ба болои 7500 мурғ 2000 кабки куҳро илова кунем, мешавад 9500.
— Харгӯш.
— 1000 адад навис, бас аст.
— О, хоҷагиҳои мо умуман хургӯш надоранд ку, Раис!
— Хоҷагиҳо надоранд. Аммо дар куҳу ҷангал ҳаст ку. Ҳама харгӯшҳои куҳу ҷангал ҳам аз худамон аст.
— Э шумо бузургед Раис, бузург. Ман ба шумо қоил. Ана ҳисобот ҳам тайёр шуд.
— Чоп куну фирист.
— Ташаккур Раис! Ҳамаашро қайд кардам. Худи ҳамин рӯз пешниҳод мекунам.
— Офарин! Илова ба маошат ба ту мукофотпулӣ ҳам менависам.
— Дар буҷаи ҷамоат пул нест ку, мукофотпулиро аз куҷо медиҳед, Раис?
— Ба инаш парво накун. Ҳисоботро ба ҷои ҳама хоҷагиҳо худат навиштӣ ку. Акнун мукофотпулиашро аз ҳисоби онҳо рӯёнидан мегирем.
Холиқи МУҲАММАДНАЗАР, махсус барои “Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ