Дар чанд минтақаи ҷаҳон одамони гирифтори албинизм дар хатаранд

— Фарогирии бештари иҷтимоии одамони гирифтори албинизм метавонад онҳоро аз тарс ва табъиз озод кунад. Дар ин бора коршиноси СММ оид ба ҳуқуқи инсон Мулука-Анна Мити-Друммонд изҳор дошт,- хабар медиҳад маркази матбуоти СММ.

Коршиноси Созмони Милали Муттаҳид оид ба албинизм гуфт, ки афроди гирифтори ин беморӣ, ки аз норасоии пигментатсияи меланин ба вуҷуд омадаанд, ҳанӯз ҳам бояд барои зиндагии шоиста ва баробар мубориза баранд.

Вай дар паёми худ аз ҳукуматҳо, шарикони СММ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор даъват кард, ки ба нигарониҳои одамони гирифтори албинизм таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва садои онҳо шунида шавад.

Албинизм як бемории нодир, ғайрисироятӣ ва аз ҷиҳати генетикӣ ирсӣ буда, ҳангоми таваллуд пайдо мешавад. Албинизм дар ҳарду ҷинс новобаста аз мансубияти этникӣ ва дар ҳама кишварҳои ҷаҳон рух медиҳад.

Дар Амрикои Шимолӣ ва Аврупо аз 17-20 ҳазор нафар як кас албинизм доранд. Албинизм бештар дар ҷануби Саҳрои Кабир маъмул аст ва тибқи маълумоти СММ, аз ҳар 1400 нафар дар Танзания як нафар аз он ранҷ мебарад. Дар бораи паҳншавии ин беморӣ инчунин дар байни баъзе аҳолии Зимбабве ва дигар гурӯҳҳои этникӣ дар ҷануби қитъа маълумоти зиёд мавҷуд аст.

Қариб ҳамаи одамони гирифтори албинизм қувваи биноии паст доранд ва ба саратони пӯст моиланд. Дар баъзе кишварҳо, аксари одамони гирифтори албинизм дар синни 30-40-солагӣ аз саратон мефавтанд. Илова бар ин, онҳо ҳам аз рӯи маъюбӣ ва ҳам аз рӯи ранги пӯст ба табъиз дучор мешаванд.

Дар даҳ соли охир ниҳодҳои ҳуқуқи башари СММ дар бораи беш аз 600 ҳамла ба кӯдакон ва калонсолони гирифтори албинизм хабар дарёфт кардаанд. Дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон дар натиҷаи таассуб ба ҷодугарӣ онҳоро куштаанд, то аз узвҳои бадани онҳо дар маросимҳои мухталиф истифода баранд. Ба гумони онҳо узвҳои одамони гирифтори албинизм метавонад бахт ё сарват оварад ва инчунин бемориҳои гуногунро табобат кунад.

«Имрӯз мо имкон дорем, ки таваққуф кунем ва дар хотир дорем, ки бисёре аз одамони гирифтори албинизм аз нақзи ҳуқуқи башар азоб мекашанд»,- гуфт Мити-Друммонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *