Дар Данғара писар модаро зинда ба зинда гӯр кард?!

«Тағоймурод тез асабӣ мешуд, вале девона набуд»,- мегӯянд хешовандонаш

Тағоймурод соатҳои яки шаб ба хона омада, аз мӯйи сари модараш дошта, ӯро рӯ-рӯйи хона кашолакунон талаб намуд, ки ҷойи тиллоҳоро бигӯяд. Модар гирёну нолон қасам мехӯрд, ки ягон хел тилловорӣ надорад, вале писари худобехабар ба гапаш бовар накарда, дасту пойи ӯро баст ва таҳдид намуд, ки агар овозашро барорад, ӯро мекушад, сипас…..

Хонаи сархӯр

-Шумо хонаи кӣ мерен?-Пурсид зане, ки ҳамроҳи мо дар таксии деҳаи Қайнамаи ноҳияи Данғара менишаст.

-Хонаи раҳматии Садафмоҳ.

-Ҳамон занаке, ки бачаш зинда ба зинда гӯр карда буд?

-Ҳа, худи худаш.

-Хешатон мешавад?-Кунҷкобӣ намуд ҳамсафарамон.

-Не, хешу таборамон намешавад. Мо журналистем, аз ҳафтаномаи “Оила”, мехоҳем сабаби ин ҳодисаи даҳшатнокро фаҳмем.

-Бобои Мулло (ронандаи таксиро дар назар дошт) ҳамсояашон аст, вай шуморо то таги дарашон мебарад.

-Намедонед, ки чаро писараш холаи Садафмоҳро зинда ба зинда гӯр кардааст?

-Росташро гӯям, овозаҳо дар бораи ин ҳодисаи гӯшношунид чунон бисёранд, ки намедонем ба кадомаш бовар кунем. Дар Калининобод як сеҳуҷрагӣ доштаанд, мегӯянд, ки ҳамон хонаро фурӯхта, барои пули хона очаю бача ҷанҷол шудаанду оқибат кор то одамкушӣ расидааст. Беҳтараш рафта аз хешу таборашон пурсед, шояд онҳо асли гапро медонанд…

-Рӯяшро бо дасти худаш сиёҳ кард ин бача. Ин дунёву он дунёяш сӯхт, ӯро на қонун мебахшад, на халқ ва на Худованд,-Ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд мусофири дар курсии пеш нишаста.

-Ҳа, умри ҷавонаш дар пушти панҷараи зиндон мегузарад, аз маҳбас барояд ҳам, касе ба рӯяш нигоҳ намекунад. Лаънатзадаи Худову халқ шуда, мараз барин як умр тани танҳо мегардаду баъди маргаш ҷасади мурдораш то рӯзи қиёмат дар оташи сӯзони ҷаҳаннам месӯзад,-сухани ӯро тақвият дод ҳамсафари дигарамон.

-Аз суд шудану лаънатзадаи халқ гаштани писараш дигар ба раҳматии Садафмоҳ чӣ фоида?! Занаки хуб буд раҳматӣ, ҳайф шуд,-Лаб газид зане, ки кунҷковона ба куҷо равон будани моро пурсида буд ва афзуд,-Аҷаб дунёе, барои фарзанд ҷонатро як умр дар азоб монда, худат нахӯрда ӯро мехӯронӣ, худат напӯшида, ӯро мепӯшонӣ, ба умеде, ки дар пирӣ дастатро мегирад ва такягоҳат мешавад, вале оқибат…

-Ҳа, Худо аз чунин фарзанди нохалаф паноҳ диҳад,-Гиребони тавба доштанд ҳама мусофирон.

Ҳамин тавр дар бораи ин ҳодисаи гӯшношунид суҳбаткунон мо ба деҳаи Қайнама расидем.

Илоҳӣ бе бача мешудӣ

“Духтари зиндадаргӯри оча, илоҳи Худованд бе бачаат мекард, як умр дар ҳасрати фарзанд сӯзӣ ҳам, чунин рӯзи сахтро намедидӣ. Духтари чӯҷадори оча, дар мурдаат чӣ гуфта нола кунам, охир ҷони туро азроил не, бегона не, фарзанди худат бераҳмона гирифт. Беҳуда пиронсолон “сагбача калон накун, гирад банди пота” намегуфтаанд, сагбачаи девонаи калонкардаат оқибат гург шуда, туро зинда ба зинда хӯрд, духтарҷонам. Кадом як алами дилама гӯям, охир панҷ сол мешавад, ки мани пири қоматхамида ғамдорам. Сари соли як фарзандамро надода, Худованд ҷони дигарашро мегирад. Дигар тобу тоқати ғаму дард надорам, мардум…”-нолаи пурсӯзи ин модари умраш ба ҳаштод дакка хӯрда дили сангро об мекард. Ба хотири лаҳзае ҳам бошад, ӯро ором намудан мо суҳбатро нахуст аз ҳамин модари ҷигарсӯхта оғоз намудем.

Амина Кенҷаева, модари марҳум:

Духтарамро гурги худӣ хӯрд

-Модарҷон, ҳамдардии моро қабул намоед. Мефаҳмем, ки барои шумо дар бораи ин ҳодисаи даҳшатнок сухан кардан душвор аст, вале мо роҳи дарозро тай намуда аз шаҳри Душанбе ба деҳаи шумо омадем, то асли гапро фаҳмем.

-Духтарҷон, нависед, ҳамаашро нависед, то дарди дили мани солхӯрда ба гӯши сарвари давлат расад ва модаркушро ҷазои сазовор диҳанд!

-Чаро духтаратон дар хонаи худаш неву бо шумо зиндагӣ мекард?

-11 фарзандро ба дунё оварда бо азобу ранҷҳои зиёд калон кардам, вале дар дами пирӣ ба ҷойи роҳати фарзандонро дидан танҳо ғами фарзанд насибам гашт. Бояд фарзанд тобути модарро бардорад, вале мани 79- сола бо ҳамин қомати хамидаам як не, панҷ фарзандамро ба хок супурдам. Сари соли яктояшро надода, Худованд ҷигарбанди дигарамро мегирад. Намедонам дар назди Парвардигор чӣ гуноҳ кардаам, ки ин қадар ғаму дардро насибам дидааст. Алами ҳама як сӯю ғами Садафмоҳ як сӯ шуд. Коре, ки писари нохалафаш кард, ба ҳафт пушти мо доғ овард, охир дар куҷо дидаеду шунидаед, ки фарзанд модарашро зинда ба зинда гӯр кунад?! Писар не, гургбача калон карда будааст, духтари бе рӯзии ман, оқибат ҳамин гурги худӣ сарашро хӯрда, ҷонашро бо сад ҷабру ситам рабуд…

Раҳматии Садафмоҳ чанд фарзанд доштанд?

-Се писару як духтар дошт. Духтараш зани шавҳардор, дар хонаи худаш аст, бачаҳояш бошанд, нобоб баромаданд. Одамизод барои соҳиби фарзанд гаштан сарашро ба сад дар мезанад, вале оқибат фарзанди худат душмани ҷонат мешудааст. Аз ҳамон рӯзе, ки ин ҳодиса рӯй додааст, сарам дар ҷояш нест…

-Шавҳараш дар куҷо будааст, ки писараш духтаратонро ин қадар бераҳмона ба қатл расонидааст?

-Духтарам аз ҷавониаш бева монда буд. Шавҳараш ӯро партофта ба шаҳри Душанбе рафт ва дар ҳамон ҷо зани дигар гирифта, дигар зану бачаҳояшро суроғ накард. Садафмоҳ ба хотири фарзандонаш тамоми умр дар дари хонаи мардум хизматгорӣ мекард. Кӯрпаю кӯрпача медӯхт, танӯр месохт, рафида ва остинча медӯхт, то бачаҳояш як бурида нон ёфта хӯранд. Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта меҳнат мекард духтаракам. Бо умеди он ки бачаҳояш калон шуда дар пирӣ дасташро мегиранд, худаш дар шикамаш нони серӣ нахӯрдаю дар танаш либоси дуруст напӯшида, як тинро болои ду тин гузошта ҷамъ карду се фарзандашро хонадор намуд, вале ана оқибаташ!

-Тағоймурод чандсола аст? Раҳматии Садафмоҳ писари қотилашро хонадор карда буд ё не?

-23- сола аст, модараш ӯро як маротиба хонадор карда буд, лекин ситорааш бо занаш рост наомаду оқибат ҷудо шуданд. Раҳматии Садафмоҳ кӯрпаю болишт ва сарупои бисёре ҷамъ карда, писарашро дубора хонадор кардан мехост, вале моҳи ноябри соли гузашта Тағоймурод бо модараш ҷанг шуда, ӯро зери мушту лағад гирифту писарам рафта Садафмоҳро ба хона овард. Духтараки рӯзу рӯшноӣ надидаам шаш моҳ бо мо зиндагӣ карда нафаси осуда кашид, аммо боз ҳамин бачааш ба хона омада бо сад макру ҳила ӯро бурд. Аз куҷо медонистем, ки Тағоймуроди нохалаф барои пул шуда модарашро зидадаргӯр мекунад. Духтарам ба дарди илоҳӣ мемурд, ин қадар намесӯхтам, лекин ӯро ба зӯрӣ куштанд. Шабу рӯз дар сарам танҳо ҳамин фикр аст, ки чӣ хел ҷон канда бошад. Духтарам пеши фарзанди бераҳмаш ба зону зада зораву тавалло кардагист, ки ӯро накушад… Агар журналист бошӣ, як хоҳиши маро ба сарвари давлат бирасон духтарам!

-Чи хоҳиш доред модарҷон?

-Намехоҳам, ки қотили духтарам зинда монад. Ҷазои ин модаркуши гургсифат танҳо марг аст. Мехоҳам Тағоймуродро чунон ҷазои вазнине диҳанд, ки ба ҳафт пушти одамизод дарси ибрат шавад!

-Албатта модаркуш ҷазои сазовор мегирад, вале гумон мекунам доғи бадномӣ-модаркуш барояш аллакай ҷазо аст.

-Чунин бадзотҳо ҳеҷ гоҳ одам намешаванд, агар вай аз кардааш заррае пушаймон мешуд, таҳдид намекард, ки аз турма барояд, ҳамаамонро мекушад.

-Магар ҳанӯз аз хун сер нашудааст?

-Сер нашуда будааст. Қасам хӯрдааст, ки ба озодӣ барояд, шавҳар ва ду духтари холаашро мекушад. Бовар кунед, шабҳо то саҳар хоб надорем, метарсем, ки мабодо бо ягон роҳ аз маҳбас гурехта омада ҳамаамонро аз дами теғ нагузаронад.

Модар “мадор надорам духтарам, боқимондаашро аз инҳо пурс” гӯён, чашмони пуробашро поккунон ба писараш ишорат намуд ва мо бо бародари марҳум даричаи суҳбатро боз намудем.

Файзиддин, додари марҳум:

Дили апаам аз писараш пур набуд

Ба андешаи шумо чаро ҷиянатон модарашро чунин бераҳмона ба қатл расонидааст? Байни очаву бача ягон гап гузашта буд?

-Апаам дар шаҳри Сарбанд хона доштанд. Хонаашонро ба иҷора дода буданд.  Чанд бор Тағоймурод гуфтааст, ки калиди хонаро ба ман диҳед, лекин модараш розӣ нашудааст, чунки дилаш аз фарзандаш пур набуд. Писараш чанд маротиба апаамро зеру мушту лағад гирифта, таҳдиди куштан карда буд, вале гумон надоштем, ки ин нохалаф дар ҳақиқат ин корро мекунад.

-Писари калониаш дар куҷо будааст, ки пеши рози бародарашро нагирифтааст?

-Писари калониаш зан дорад ва алоҳида зиндагӣ мекунад. Апаам чанд муддат ҳамроҳи келинаш зиндагӣ мекард, вале Тағоймурод ба хонаи акааш рафта гуфтааст, ки ман хонаи иҷора гирифтаму модарамро ҳамроҳ мебарам. Рӯзи 15 сентябр апаам ба хонаи мо омада хабар дод, ки ҳамроҳи Тағоймурод ба хонаи иҷораи ӯ меравад ва хайрухуш кард. Дилам худ аз худ сиёҳӣ оварда, рафтанашро ҳеҷ намехостам, вале писари шайтонсираташ “ман бе очаам зиндагӣ карда наметавонам” гуфта, ӯро ба хонаи иҷорааш, ба деҳаи Бешбулоқ бурд.

-Овозаи апаатон Садафмоҳро зинда ба зинда гӯр кардани писараш ҳақиқат дорад?

Ҳамон рӯзе, ки Тағоймуродро пурсупос карданд, ман ҳам ҳузур доштам. Аз рӯйи гапи худаш аввал дар роҳрав модарашро як-дуто зада аз по афтонидаасту баъд бо лапотка ба сару рӯяш зада куштааст.  

-Ҷиянатон бемории руҳӣ надошт?

евона набуд, вале ба одами солим низ чандон монандӣ надошт. Барои дупула гап асабӣ мешуд. Бисёр бачаи гаправ буд, касе чизе, ки гӯяд, бовар карда, бе гӯгирд дар мегирифт.

 Язнаи марҳум:

Акаашро “подставит” кардан мехост

Вақте ки мо бо бародари марҳум суҳбат доштем, марди тақрибан 45-50- солае аз дар даромада салом дод ва мақсади ташрифамонро фаҳмида гуфт:

-Пеш аз оне, ки ҳақиқат рӯйи об баромад, Тағоймуродро ман дар бозор дида будам. Пурсидам, ки модарат чӣ ҳол дорад. Гуфт, ки очаам дар хона нест. Ҳайрон шуда дар куҷо буданашро пурсон шудам. Нигоҳашро гурезонда гуфт, ки акаму янгам омада дар гулӯи очам корд монда, пул талаб карданд. Ба сараш дод задам, ки барои чӣ ту чизе нагуфтӣ. Тағоймурод ба ин саволам ҷавоб надод. Хоҳиш кардам, ки роҳи хонаи иҷораашро нишон диҳад, вале камтар кор дорам, ҳозир меоям гуфту бо ҳамин баҳона думашро хода карда гурехт. Ман аз ин рафтори Тағоймурод дар дилам шубҳа пайдо шуд ва ба ташвиш афтида, ҳамаро хабар кардам, ки Садафмоҳ нест, ӯро кобед, чунки авзои писараш беҷо менамуд.

Хурсандбӣ, ҷияни марҳум:

Тағоймурод пешакӣ қабри модарашро кандааст

Вақте ки ману апаам барои овардани либосҳояш ба хонаи иҷораашон рафтем, Тағоймуродро барои бо кадом роҳ ба қатл расонидани модарашро нақл кардан оварда буданд. Аз ҳамон рӯз инҷониб ба худ нестам, чунки манзараи даҳшатноки нақлкардааш ҳеҷ аз пеши назарам дур намеравад. Аз рӯйи нақли худаш вай (Тағоймурод) соатҳои яки шаб ба хона омада, аз мӯйи сараш дошта модарашро рӯ-рӯйи хона кашолакунон талаб намудааст, ки ҷойи тиллоҳоро бигӯяд. Бечора холаам қасам хӯрдааст, ки ягон хел тилловорӣ надорад, вале писари худобехабараш ба гапи ӯ бовар накарда, таҳдид мекунад, ки агар овозашро барорад, ӯро мекушад, сипас зӯран ба даҳонаш латта пеш карда, шонаҳои модарашро зада мешиканад. Аз ҳуш рафтани  модарашро дида гумон мекунад, ки мурдааст ва кашолакунон ӯро ба берун мебарорад, вале вақти ба латта печондан холаам меҷунбад. Ниммурдаю нимзинда будани модарашро фаҳмида он нохалаф бо лапотка ба рӯяш мезанад, баъд хам шуда гулӯяшро медорад, то фаҳмад, ки мурд ё не. Мебинад, ки ҷонаш ҳанӯз бозӣ дорад, ин дафъа чунон бо шаст ба пешониаш мезанад, ки устухони сараш мешиканад.

-Тағоймурод нақшаи кушторро пешакӣ кашида будааст ё…?

-Пешакӣ тайёрӣ дида будааст, чунки вақти дар хонаи момаам будани модараш ба хонаи ҳамсояҳо рафта, белу лапотка ва дигар асбобҳои лозимиро пурсидааст. Ин асбобҳо ба ту чӣ даркор аст гӯянд, худро фарзанди ғамхор нишон дода гуфтааст, ки ҳоҷатхонаи модарам фарсуда шудааст, мабодо дар даруни ҳоҷатхона наафтад гуфта барои ҳоҷатхонаи нав сохтан чуқурӣ меканам. Ҳамсояҳо дилпур шуда чизҳои хостаашро ба ӯ додаанд ва Тағоймурод пешакӣ ду қабр канда мондааст, якеаш дар таги дарахтон, дигараш дар паҳлӯи ҳоҷатхона. Пас аз кори модарашро тамом кардан, вай ҷисми хуншори ӯро бо мақсади гӯрондан ба назди чуқурии кандааш мебарад  ва дар дилаш  мабодо зинда бошаду аз таги хок баромада ба милиса хабар диҳад, рӯзи ман сиёҳ мешавад гӯён, гулӯяшро ба кор бурида, баъд ҷасадро зери хок мекунад. Як шабу як рӯз ҷасад дар зери хок меистад. “Модарам зинда шуда гурехта нарафта бошад” гуфта, шаби дигар Тағоймурод боз қабрро меканад ва ҷасади модарашро аз чуқурии дар зери дарахтон кандааш бароварда ба қабри дуюми кандааш, ки дар пушти ҳоҷатхона воқеъ гашта, нисбатан чуқуртар будааст, бурда гӯр мекунад. Дар пойи холаам як ҷӯробу ҷӯроби дигарашро писари қотилаш ба даҳонаш тиққонда будааст…

Макри қотил

Аз рӯйи нақли пайвандони марҳум пас аз куштани модараш Тағоймурод овоза кардааст, ки модараш ба хонаи тағояш рафтааст, вале 3-4 рӯз пас ҳамсоязан садои дегтароширо шунида бо гумони он ки Садафмоҳ ба хонааш бар гаштааст, аз дарвоза даромада мебинад, ки Тағоймурод худаш дег шуста истодааст. Нигоҳи саволомези ҳамсояро дида қотил очаам ҳанӯз наомадааст мегӯяд ва рӯзи дигар доми макр танида, аз сари субҳ доду фиғон мебардорад, ки очааш худашро ба об партофтааст. Ҳамсояҳо суханони худи ӯро ба ёдаш оварда мегӯянд, ки охир ту “очаам ба хонаи тағоям рафт” гуфта будӣ-ку! Қотил айбро ба гардани акааш бор карданӣ шуда мегӯяд, ки акааму занаш омада дар гулӯи модарам корд монданд, барои ҳамин очаам худашро аз алам обӣ кардааст. Духӯрагии суханони Тағоймурод ва паҳн шудани бӯйи бад ҳамсояҳоро ба ташвиш оварда ба директори мактаб  муроҷиат менамоянд. Директор дар навбати худ писари калонии холаи Садафмоҳро аз ғайб задани модараш хабардор намуда, сипас ба нозири минтақавӣ муроҷиат мекунад. Ҳамин тавр асрори ин ҷинояти вазнин ва гӯшношунид фош гашта, модаркуш ба даст афтидааст. Боварӣ дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми гиреҳҳои ин куштори даҳшатнокро боз намуда, гунаҳкор ё гунаҳкоронро ҷазои сазовор хоҳанд дод.

Маҳинаи Давлат

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

13 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *