Дар дарёи Панҷ як мошин ғарқ шуд. Ронанда бедарак аст
Дар шоҳроҳи Хоруғ–Шуғнон–Ишкошим як мошин ба дарёи Панҷ сарозер шуда, ронандааш бедарак гаштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки ҳодиса рӯзи 30-юми ноябр дар километри 20-уми шоҳроҳ, дар наздикии деҳаи Даштаки ҷамоати Нишуспи ноҳияи Шуғнон рух додааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, ронандаи мошини тамғаи «Танген», марди 54-сола аз деҳаи Пиши ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат аз самти Пиш ба деҳаи Даштак идораи воситаи нақлиётро аз даст додааст. Мошин ба дарё сарозер шуда, танҳо ронанда дар дохилаш будааст.
Наҷотдиҳандагон пас аз расидан ба ҷои ҳодиса талош карданд, ки ронандаро пайдо кунанд, аммо ҷустуҷӯҳо бенатиҷа анҷом ёфтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ