Дар ДБССТ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзӯи “Масъалаҳои мубрам ва авлавиятҳои таҳқиқоти илмӣ дар самти иқтисод” ҳамоиши илмӣ баргузор шуд. Ин ҳамоиши сатҳи баланд 12 июни соли равон дар ҳошияи мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар он ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳикматуллозода Неъматулло, муовини вазири молияи Тоҷикистон Дилшод Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷуразода, ректорони макотиби олии кишвар ва олимони риштаи иқтисод иштироку суханронӣ намуданд.
Ҳамоиши илмиро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода оғоз бахшид.
Номбурда гуфт, таърихи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ гувоҳи он аст, ки илму маориф дар пешрафти мамлакатҳо мавқеи калидӣ дошта, олимону донишмандон дар инкишофи ҷанбаҳои гуногуни иқтисод саҳми бештар мегузоранд. “Имрӯз ҳам, кишварҳои мухталифи дунё бар пояи илму дониш, навовариву ихтироъкорӣ ва истифодаи техникаву технологияҳои муосир рушд ёфта истодаанд. Боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати дурандешонаи худ соҳаи илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он кулли имкониятҳоро муҳайё намудаанд”,-таъкид дошт ректор.
Ректори донишгоҳ қайд намуд, ки ҳадафи стратегии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдил ёфтани он ба маркази илмию таҳқиқотӣ ва таълимии бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат дар назди донишгоҳи мазкур институтҳои илмиву таҳқиқотии «Иқтисоди сабз», «Сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таъсис ёфтаанд.
“Ба сифати самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои мазкур мо ба корҳои илмӣ дар бахши сайёҳии обию экологӣ, табобатию куҳнавардӣ, рақамикунонии сайёҳиву соҳибкорӣ, рушди соҳибкории истеҳсолию инноватсионӣ, масъалаҳои татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз” дар низоми таҳсилот, рушди “энергияи сабз”, идоракунии захираҳои табиӣ, баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии самтҳои болозикр таваҷҷуҳи махсус зоҳир хоҳем кард”,-гуфт Асрорзода.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ