Дар ДБССТ маркази забони куриёӣ боз мешавад

Дар назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маркази омӯзиши забони куриёӣ боз мешавад. Ҳамчунин, дар назди парки технологии донишгоҳ насбу таъмири лифтҳо роҳандозӣ мешавад.  

Атрофи ин ду ҳадаф ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода бо Президенти Коллеҷи лифти Корея суҳбат кард. Номбурда бо ҳайати профессорон ва донишҷӯёни колеҷ иборат аз 16 нафар ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овардаанд.

“Ташрифи роҳбарият ва намояндагони ин муассисаи таълимии бонуфузи Коея аз ҳамкориҳои пайвастаи донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии Корея далолат медиҳад. Меҳмононро низ бевосита ректори донишгоҳ, профессор Убайдулло Асрорзода пешвоз гирифт”-иттилоъ доданд ба Pressa.tj аз донишгоҳ.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ташкили табодули академии донишҷӯёну омӯзгорон, таъсиси барномаҳои таҳсилотии муштаракро низ матраҳ намудаанд.

Ҳамчунин, профессорону донишҷӯёни Корея бо раванди таълим дар гурӯҳҳои таҳсил бо забонҳои хориҷии донишгоҳ, аз ҷумла забонҳои англисӣ, чинӣ, русӣ ва фаронсавӣ шинос шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *