Дар ДДЗТ: Чашмони гулҳо боз шуд, эй дӯстон, Наврӯз шуд!

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори садорати факултети филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 30-юми март чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Чашмони гулҳо боз шуд, эй дӯстон, Наврӯз шуд!” дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуотии ДДЗТ, дар ин чорабинии идона ректори донишкада, профессор Жило Гулназарзода, роҳбари маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи Кумитаи иҷроияти марказии ҲХДТ дотсент Илҳомҷон Ҳамидиён, Нависандаи халқии Тоҷикистон, адиби шинохта Абдулҳамиди Самад ва адибону рӯзноманигорони маъруфи кишвар Зиё Абдулло, Шаҳрияи Аҳтамзод, Салими Хатлонӣ, Хайриддини Хайрандеш, Абдурауф Муродӣ, Ҳотами Ҳомид, Убайдулло Акрамзода иштирок ва суханронӣ кардаанд.

Ректор ва меҳмонон аз хони наврӯзӣ, ки аз ҷониби факултет созмон дода шуда буд, дидан намуда, ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва дар оростани хони ҳафтсину ҳафтшин, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, баҳои арзанда додаанд.

Ректор Жило Гулназарзода меҳмонони олиқадр ва ҳозиринро ба муносибати ҷашни Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният намуда, аз ҷумла зикр кардааст, ки “бо ибтикори Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи даврони Истиқлол бар шукуҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуда, вижагиҳои деринаашро бо пазироии руҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст”.

— Ректор ва дигар меҳмонони ин чорабинии тантанавӣ аз ин ташаббус ва баргузории чунин маҳфили зебо изҳори хушнудӣ намуда, ба садорати факултет, хусусан декани он, дотсент Бахтиёр Абдураҳимов ва иштирокчиёни фаъолу соҳибистеъдод сипосу офарин гуфтанд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *