Дар деҳаи Овчии Тоҷикистон барф борид

Овчӣ ба деҳаи Оббурдори ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ наздик аст, ки сардтарин нуқтаи вилояти Суғд ба шумор меравад.

Ҷамила Байдуллоева, сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳаво гуфт, ки барф асосан дар манотиқи аз 3 ҳазор метр болои баландкӯҳ боридааст, ки маъмулан ҳатто дар охири моҳи август низ иттифоқ меафтад.

«Дар баландкуҳҳо ин як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ нест, зеро барф фақат дар қуллаи куҳҳост. Масалан, дар шарқи Бадахшон ҳаво аз 5 то 7 дараҷа хунук шудааст. Дар дигар ҷойҳо шабона ҳарорат ба 0 баробар мешавад. Аммо барои минтақаҳои баландкӯҳе, назири Ҷиргатол, Рашт, водии Зарафшон, Дарвозу Шуғнон, ки дар 2 ҳазор метр баландтар аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, ин як ҳодисаи ғайримуқаррарӣ аст”, — гуфтааст Ҷамила Байдуллоева.

Дар ҳамин ҳол, аксҳое, ки  сомонаи  Sputnik Тоҷикистон дастрас кардааст, нишон медиҳанд, ки барф дар ин минтақа зиёд борида, ба қавли сокинон, бархе аз онҳо ҳатто натавонистаанд ҳосили картошкаву меваи худро ҷамъ оваранд.

Сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносӣ мегӯяд, ин минтақаи Тоҷикистон дар қарибии деҳаи Оббурдори ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ҷойгир аст, ки сардтарин нуқтаи вилояти Суғд ба шумор меояд.

«Овчӣ низ ба Оббурдон наздик аст ва аз сатҳи баҳр 2 ҳазор метр баланд мебошад. Эҳтимол дорад дар ин минтақа ҳаво то 2 дараҷа хунук ё ба сифр баробар шавад”, — гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар аксари манотиқи кишвар, аз ҷумла водиҳо низ ҳаво боронӣ шуда, ҳарорати ҳаво дар бархе ҷойҳо ба 5 то 7 дараҷа гармӣ поён мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *