Дар Деваштич парчами Тоҷикистонро чаро канданд?

Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд парчами миллии Точикистонро канда рафтанд.

Бино ба иттилооти як сокини ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич байрақи Точикистон, ки дар баландии тақрибан 3 метр афрохта шуда буд, канда шудааст.

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса парчами Тоҷикистон тақрибан 3-4 моҳ пештар дар назди бинои муассисаи таълимии рақами 4-и ҷамоати Муҷун афрохта шуда буд.

Воқеа шабона рух додааст ва то ҳол муайян нест, ки ин амали нангин аз тарафи кӣ ва чаро содир шудааст?

Миёни мардум гумону шубҳаҳое ҳам мавҷуд аст, ки нафарони номаълум ба ҷои парчами миллии Ҷумҳурии Точикистон хостанд дигар байрақро гузоранд. 

Соли  гузашта дар ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон низ чунин ҳодиса рух дода буд. Шабона шахсони номаълум байрақи сиёҳи гуруҳи террористии бо ном “Давлати исломӣ”-ро гузошта будаанд.

Дар ҷамоати Муҷуни ноҳияи Деваштич низ ба монанди ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон бештар мардуми ўзбектабор умр ба сар мебаранд. Ва вақтҳои охир дар ноҳияи Деваштич низ аломатҳои ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуни ва характери экстремистидошта пайдо шуда истодааст.

 Барои ҳамин ҳам гум шудани парчами миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мардуми маҳаллиро ба таҳлука андохтааст. Бинобар ин раҳбарияти муассисаи таълимӣ ва масъулони мақомоти ичроияи маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ додаистодаанд, ки ҳар чи тезтар байрақи Тоҷикистонро пайдо ва барқарор кунанд.

 

                                                                                       Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *