Дар ДМТ Маркази забони белорусӣ ифтитоҳ гардид
Дар заминаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Белорус ва бо мақсади ба истифода додани Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ дар пояи факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Белорус намояндагони ин кишвар ба ДМТ ташриф оварданд.
Бино ба иттилои ДМТ, дар маросими кушодашавии Марказ вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон, вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Ҷумҳурии Белорус Сергей Бартош, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорус Сафарзода Бахтовар, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва дигар меҳмонон аз сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.
— Зимни ифтитоҳи Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ меҳмонон бо дастовардҳои илмию таълимии донишгоҳ ва истеҳсоли маҳсулоти Парки технологии донишгоҳ шинос шуданд,- меафзояд манбаъ.
Зимнан, ректори донишгоҳ Хушвахтзода Қ. Х. доир ба вазъи илму таълими донишгоҳ ва робитаи он бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар сухан гуфта, дар самти густариш бахшидани ҳамкориҳо дар заминаи факултети муштаракаи ДМТ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Белорус, инчунин, ҷиҳати ҷоннок намудани ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф таклифу пешниҳодҳои судманд намудааст. Таъкид шудааст, ки Донишгоҳи миллӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус ҳамкории судманд дорад ва дар доираи ин ҳамкориҳо факултети муштараки ДМТ бо МТО Белорус аз соли 2015 фаъолият мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ