Дар ДМТ тақсимоти хатмкунандаҳои ҳуқуқшинос доир шуд

Имрӯз, 14 апрел дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён тақсимоти хатмкунандагони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ҷойи кор баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Нуралӣ Собирзода дар назди ҳозирин оид ба имкониятҳои илмию таълимии факултет сухан гуфт.

“Тибқи талаботи муқарраргардида хатмкунандагони факултет, ки донандаи забонҳои гуногуни хориҷӣ ва номзад ба гирифтани дипломи аъло ва муқаррарӣ мебошанд, ба ҳозирин муаррифӣ гардида, барои ба кор ҷалб шудани онҳо дар мақомоти гуногуни давлатӣ роҳхат дода шуд”,-иттилоъ доданд аз ДМТ.

Дар ҷамъомад ниҳодҳои гуногуни кишвар, аз қабили Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузорӣ, Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи телевизион ва радио, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Вазорати адлия, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ҶСК “Ориёнбонк”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати молия ва Кумитаи андоз иштирок намуданд.

Гуфта мешавад, ки соли ҷорӣ факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 650 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона аз рӯйи 9 ихтисос хатм менамоянд, ки аз ин 282 нафарро донишҷӯёни дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва 368 нафарро донишҷӯёни дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсилкунанда ташкил медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *