Дар Доғистон аз муҷассамаи Ҳофизи Шерозӣ пардабардорӣ шуд

Дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон маросими ифтитоҳи муҷассамаи Ҳофизи Шерозӣ, шоири шаҳири адабиёти форс-тоҷик баргузор шуд.

Дар шаҳри Махачқалъа, пойтахти Ҷумҳурии Доғистон маросими ифтитоҳи муҷассамаи Ҳофизи Шерозӣ, шоири шаҳири адабиёти форс-тоҷик баргузор шуд.

Дар ин маросим Меҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Русия, Уммуфозил Умаров, муовини сарвазир ва вазири маорифу илми Доғистон ва Муҳаммад Аҳмадов, раиси Иттифоқи нависандагони Доғистон ширкат карданд.

Дар ин ҳамоиш аз Ҳофизи Шерозӣ ба унвони шоири маъруф, қории Қуръон, донишманди аҳодису тафсир ва фиқҳ ситоиш шуд.

Ба гуфтаи Меҳдӣ Саноӣ, сафири Эрон дар Русия, ин нахустин муҷассамаи шоирони классики форс аст, ки дар Махачқалъа ифтитоҳ гардид. Дар назар аст, боз ду муҷассамаи дигари шоирони форс дар шаҳрҳои Русия ифтитоҳ шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *