Дар Донишкадаи Конфутсий забондонии омӯзгоронро санҷиданд
Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи созишнома бо Ширкати «China Hankow International Technology (Beijing)» бо мақсади омӯзиши тахассуси касбии омӯзгорони забони чинии байналмилалӣ санҷишҳои тестиро ба роҳ мондааст.
Бино ба иттилои ДМТ, бо мақсади санҷиши сатҳи забондонӣ, аз омӯзгороне, ки забони чиниро дар хориҷи Чин меомӯзанд, дар донишкада саволномаи тестӣ гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, ки баъд аз санҷиш омӯзгорони муваффақ соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалии таълими забони чинӣ мегарданд.
— Ёдрас мешавем, ки аз соли 2022 дар донишкадаи мазкур чунин санҷишҳо роҳандозӣ мешаванд ва ҳамкориҳои донишкада дар ин самт рушд ёфта истодааст,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ