Дар ДСТР 288 шаҳрванди хориҷӣ аз 11 кишвар таҳсил мекунанд
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия 288 шаҳрванди хориҷӣ аз 11 кишвар таҳсил мекунанд. Ин омор имрӯз дар нишасти матбуотии донишгоҳ аз ҷониби ректор Файзулло Машраб қайд гардид.
Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Донишгоҳи славянӣ таҳсил мекунанд, аз кишварҳои Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Полша, Ҷумҳурии Корея, Русия, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина мебошанд.
Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ донишгоҳ 180 шартнома бо донишгоҳҳои Русия, ИДМ ва кишварҳои Аврупо ба имзо расонидааст.
Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия 5362 донишҷӯ ва 381 магистр таҳсил мекунанд. Шумораи умумии кормандони якҷо бо мактабҳои донишгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб 810 нафарро ташкил медиҳад.
Дар соли сипаришуда дар донишгоҳ 4 рисолаи докторӣ ва 6 рисолаи номзадӣ ҳимоя карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ