Дар ду ноҳияи шаҳри Душанбе як рӯз барқ хомӯш мешавад
Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе хабар додааст, ки бинобар васлу насби таҷҳизот рӯзи 11 март дар як қисми кӯчаҳои шаҳр барқ хомуш карда мешавад.
Ба иттилои манбаъ, аз соати 08:00 то 18:00 — и 11 март дар як қисми кучаҳои ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ қувваи барқ хомуш карда хоҳад шуд.
Шабакаҳои тақсимоти барқи Душанбе қайд кардааст, ки вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз муҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ