Дар Думаи давлатӣ манъи сафарҳои солинавии мансабдорон ба хориҷа пешниҳод шуд

Вакили Думаи давлатӣ аз «Русияи воҳид» Султон Ҳамзаев пешниҳод кардааст, ки ба хотири рушди сайёҳии дохилӣ сафари мансабдорон дар рӯзҳои таҷлили Соли нав ба хориҷа манъ карда шавад. Дар ин бора вакили парлумон дар мусоҳиба бо РИА “Новости” изҳори назар кардааст.

— Ман чунин мешуморам, ки дуруст мебуд, агар мансабдорон дар рӯзҳои таътили солинавӣ дар Русия истироҳат кунанд. Дар ин сурат онҳо метавонанд мушкилотро дар самти сайёҳӣ дар ҳар як минтақа мушаххас дарк кунанд ва барои ислоҳашон майл намоянд. Дигар ин ки, истироҳат барои шаҳрвандони мо бояд арзонтар, бароҳаттар ва гуворотар бошад,- мегӯяд ӯ.

Мавсуф ҳамзамон зикр кардааст, худи ӯ ният дорад рӯзҳои истироҳатӣ дар минтақааш — Ҷумҳурии Доғистон бимонад, то «ба суолу ниёзҳои ҷомеа посух диҳад».

Вакил инчунин ваъда додааст, ки идеяи истироҳат дар дохили Русияро миёни мансабдорон таблиғ хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *