Дар Душанбе ҷаласаи идоракунии захираҳои об доир гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ оид ба идоракунии ҳамаҷонибаи захираҳои об ва гурӯҳи кории ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи об, аз ҷумла лоиҳаи такмилёфтаи Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, сохтори дастурии механизми ҳамоҳангсозии соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Консепсия оид ба воридсозии чорабиниҳои нақшаҳои ҳавзавии идоракунии захираҳои об ба барномаҳои рушди шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 Намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар ҷаласа иштирок намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *