Дар Душанбе ҷаласаи собиқадорони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Ҳоло дар ин созмон 14521 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2435 нафар собиқадороне, ки 25 сол ва зиёда аз он хизмат намудаанд, 8480 нафар нафақагироне, ки аз 25 сол кам хизмат кардаанд ва 2 нафар иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд

Раиси Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Саид Ҷӯрахонзода дар ҷаласа иброз дошт, ки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар давраи душвор фаъолияти самарабахш намуда, дар таъмини сохти конститутсионӣ ва барқарор намудани сулҳу суботи комил, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бор омад, саҳми сазовор гузоштаанд. Аз ин рӯ, имрӯз ба насли ҷавон омӯхтани таҷрибаи онҳо муҳим аст ва ҳамкории мақомот бо собиқадорон дар ин самт бояд тақвият бахшида шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки имӯз дар ин созмон 14521 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2435 нафар собиқадороне, ки 25 сол ва зиёда аз он хизмат намудаанд, 8480 нафар нафақагироне, ки аз 25 сол кам хизмат кардаанд ва 2 нафар иштирокчии ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошанд.
Зикр гардид, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ 87 созмони ҷамъиятӣ дар раёсатҳо ва шуъбаҳои ВКД фаъолият мебаранд. Ин созмонҳо таваҷҷуҳи асосиро ба пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ, бахусус дар байни ҷавонон равона сохта, дар ҳамаи ҷамъомадҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок меварзанд.
Саид Ҷӯрахонзода зикр намуд, ки дар давоми соли 2020 бо иштироки аъзои Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ 110 мулоқоти судманд бо ҳайати шахсӣ анҷом дода шуда, дар радиову телевизион 23 баромад сурат гирифт.
Дар давраи ҳисоботӣ ба 56 нафар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ аз дастгоҳи марказӣ дар арафаи солзодашон (60-70-80-90-солагӣ) кумакҳои пулӣ расонида шуд. Инчунин, дар ин давра ба собиқадорон, нафақагирон, беморон, маъюбон, оилаҳои бесаробонмонда, ҷамъ 5953 нафар кумакҳои моддӣ расонида шуд.
Дар фарҷоми ҷаласа нақшаву қарорҳои марбута қабул гардиданд. Дар асоси ин нақшаву қарорҳо, аз ҷумла дар соли 2021 ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории озмуни «Беҳтарин созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ» дар вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *