Дар Душанбе ҷашни Сада бо намоиш-фурӯши маҳсулот таҷлил мешавад

28-уми январи соли равон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Фирдавсии пойтахт ҷашни  Сада таҷлил карда мешавад.

Бино ба иттилои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар доираи чорабинӣ намоиш-фурӯши маҳсулот, ниҳолу тухмии зироатҳои кишоварзӣ низ баргузор мегардад.

Ҳамзамон, дар назар аст, ки бо иштироки санъаткорон ва дастаҳои фолклории минтақаҳои ҷумҳурӣ барномаи васеи фарҳангӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳр гардонида шавад.

Ёдовар мешавем, ки Сада ҷашни таърихии ниёгони тоҷикон аст. Ҳамасола Сада 50 рӯз қабл аз Наврӯз, дар интиҳои моҳи январи солшумории мелодӣ таҷлил мегардад. Соли гузашта ин ҷашни қадимаи тоҷикон ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *