Дар Душанбе 10 соат интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад

25 июл, аз соати 06:00 то 16-00 дар чанд маҳаллаи пойтахт интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ мегардад.

Тибқи иттилои мақомоти шаҳри Душанбе, интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии «Неругоҳи барқи обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб» мувақққатан қатъ карда мешавад.

Аз ҷумла, дар ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А. Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ. Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У. Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П. Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У. Хайём то кӯчаи С. Ғанӣ), инчунин Боғи С. Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

— ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н. Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон — 1 ва 2, кӯчаҳои Д. Халқҳо, А. Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак. Раҷабовҳо ва С. Айнӣ аз биноҳои 1 то 77;

— ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М. Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон — 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

— ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н. Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *