Дар Душанбе 4 рӯз ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдудият ҷорӣ шуд

Аз 2 то 6 июли соли равон дар чанд кӯчаву хиёбони шаҳри Душанбе маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонидааст, ки рӯзҳои 2-юм то 6-уми июли соли 2024 дар шаҳри Душанбе ташрифи меҳмонони оилиқадр дар назар дошта шудааст.

Бинобар ин, санаҳои мазкур дар кӯчаҳои Мастонгулов (фурудгоҳ), А.Дониш, С.Айнӣ (Садбарг), хиёбони А.Рӯдакӣ то кӯчаи Карамов, хиёбони Сомонӣ то назди беморхонаи «Шифобахш», кӯчаҳои Ш.Шоҳтемур ва Шероз маҳдудияти муваққатии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин рӯзҳо аз кӯчаҳои ҳамшафат истифода намоянд.

Инчунин аз сокинони шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ хоҳиш карда шудааст, ки безарурат бо воситаҳои нақлиёт ба шаҳри Душанбе ворид нашаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *