Дар Душанбе 8 нуқтаи ғайриқонунии шустушӯи нақлиёт баста шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз қатъи фаъолияти 8 нуқтаи шустушӯи нақлиёт, ки дар таҳхонаи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир буданд, хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, таҳхонаҳои мазкур, ки ҳамчун таваққуфгоҳ барои сокинон пешбинӣ шудаанд, ғайриқонунӣ ба нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт табдил дода шуда буданд. Санҷиши мақомоти дахлдор нишон дод, ки истифодаи зиёди об ва намнокӣ ба пойдевори биноҳои баландошёна осеб расонида, метавонад барои сокинон хатар эҷод кунад.
Бо ин сабаб, фаъолияти ҳамаи 8 нуқтаи шустушӯи нақлиёт қатъ гардида, ҷойи онҳо дубора ба таваққуфгоҳ табдил дода мешавад.






Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ