Дар Душанбе амалиёти “Пешгирии тамбашавии нақлиёт” оғоз меёбад

Аз 1 то 10 ноябр дар Душанбе амалиёти «Пешгирии тамбашавии нақлиёт» баргузор мешавад.

Ин тасмим ба пешгирии вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва кам кардани роҳбандӣ равона шудааст.

“Дар доираи ин амалиёт ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки қоидаи ронандагиро ба таври қатъӣ риоя карда, аз таваққуф дар ҷойҳои номуайян худдорӣ намоянд ва ҳангоми ронандагӣ ба ҳамдигар халал нарасонанд”,-омадааст дар эълони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, ки дар сурати қонуншиканӣ нисбат ба ронандагон ҷазои маъмурӣ татбиқ карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *