Дар Душанбе бо саҳми БАТР эстакада бунёд мешавад
Як “эстакада”-и Душанбе бо беш аз 28 млн евро қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) сохта мешавад.
Созишномаро дар ин хусус Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Одил Рено-Бассо, президенти БАТР, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд, рӯзи 30-юми апрел имзо карданд.
“Ҳадафи татбиқи созишномаи лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди дусатҳа дар чорроҳаи С. Шерозӣ ва Ҳ. Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А. Қаҳҳорови шаҳри Душанбе» — ин баланд бардоштани самаранокӣ ва беҳтар намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути минтақаҳои болозикр, паст намудани ҳолатҳои тамбашавӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе мебошад”,- хабар медиҳад Вазорати молия.
Муҳлати оғози сохтмони роҳи дуқабата гуфта нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ