Дар Душанбе боз як корхонаи нав ифтитоҳ ёфт (аксҳо)
Имрӯз, 29 октябр дар шаҳри Душанбе ҶДММ “АРК саноат” ба фаъолият оғоз кард. Дар ифтитоҳи ин корхона Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, самти фаъолияти корхона истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан буда, дар он 28 номгӯи маҳсулот бо риояи талаботи стандартҳои ватанию ҷаҳонӣ бароварда мешавад.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як сол баробар ба истеҳсоли 8 миллион зарфи нӯшокиҳои ташнашикан буда, маҳсулоти он дар шаклу ҳаҷми гуногун пешниҳоди бозори истеъмолӣ карда мешавад.
Хатҳои технологии корхона аз бонуфузтарин ширкатҳои амрикоиву аврупоӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Канада, Италия ва Чехия ворид карда шудааст.
“Бо таъсис ва ба фаъолият оғоз намудани иншооти нави саноатӣ 40 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Тибқи маълумоти оморӣ аз аввали соли 2024 то ба имрӯз дар шаҳри Душанбе зиёда аз 100 иншооти нави саноатӣ бунёд шудааст. Дар ин корхонаҳо наздик ба 2000 сокинон бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ