Дар Душанбе боз як шаҳр сохтанд

Дар кӯчаи марказии Душанбе як шаҳраки солинавӣ бунёд шудааст, ки сокинону меҳмонони пойтахтро аз омад-омади Соли нав огоҳ мекунад.

Бозорчае, ки ду ҳафта қабл арзи ҳастӣ кард, нахустин бор дар пойтахти Тоҷикистон бунёд шуда, ба шаҳракҳои идонаи мардуми Аврупо шабоҳат дорад. Нуру ҷилои шаҳрак аз Боғи Рӯдакӣ то наздикиҳои пайкараи Исмоили Сомонӣ ҳамаро пур карда, ҳашт дӯкони чӯбӣ хурду бузургро бо фазои идонааш ба худ ҷалб мекунад.

Ҳар як дӯкон ашёи хосе барои муштарӣ пешниҳод мекунад: яке бозичаи солинавӣ мефурӯшад, дигаре ниқобу либоси идона, саввуми тӯҳфаҳои ширинро барои кӯдакон пешниҳод карда, чорумӣ либосҳои зебои идона дорад. Барои онҳое, ки дар соатҳои сайругашти бозор гурусна мешаванд, мисли бозорчаҳои солинавии Олмону Австрия, ғизои зудпухт пешниҳод шудааст. Вале ба фарқ аз Аврупо, вижагии ғизо ҳам мутобиқ ба шароити Тоҷикистон — аз самбӯсаву ҷуворӣ, ҳотдогу чои гарм иборат аст.Шаҳраки солинавиро мақомоти шаҳрдорӣ баъди насаби арчаи боҳашамати 27-метра бунёд карданд ва ба ин тартиб, тамоми муҳити маркази Душанбе симои солинавӣ касб кардааст. Муштариҳо хеле зиёданд ва чунон менамояд, ки гӯё ҳамин шаб барои таҷлили Соли нав омода шудаанд.Дар миёни меҳмонҳо, шумори кӯдакон хеле зиёд аст. Руқияи хурдсол аз он шод аст, ки зарурати то 31-уми декабр интизор шудан нест ва аз ҳоло мешавад таҷлили идро шурӯъ кард. Маъмулан шаби Соли нав дар маркази Душанбе сокинону меҳмонони пойтахт ҷамъ омада, консерти калони ҳунармандони маъруфи кишварро тамошо ва дар ҳамин муҳит соли навро пешвоз мегиранд. Имсол ҳам чунин консерте дар маркази пойтахт барпо хоҳад шуд.Руқия мегӯяд, «модарам ҳамеша ба ман мегуфт, ки шаби Соли нав Бобои Барфӣ туҳфа меорад. Инҷо Бобои Барфӣ бисёр аст ва ҳамроҳаш акс гирифтем ва ӯ ба кӯдакон хурсандӣ мебахшад».Тоҳир бо либоси Бобои Барфӣ дар яке аз дӯконҳо тӯҳфаҳои солинавӣ мефурӯшад. Ӯ мегӯяд, ҳар кӯдак бо умеди дарёфти тӯҳфае ба онҳо муроҷиат мекунад. Тоҳир мегӯяд, ки пули волидонро пинҳонӣ ба даст гирифта, ба кӯдакон дар нақши Бобои Барфӣ халтачаи тӯҳфаро тақдим мекунад.»Волидон аз чашми бачаҳояшон пинҳонӣ маблағи туҳфаро ба ман медиҳанд ва кӯдакон фикр мекунанд Бобои Барфӣ ба онҳо тӯҳфа медиҳад. Баъзеҳо омада дасту руй ё либосҳои маро меқапанд, барояшон ҷолиб аст, ки Бобои Барфӣ чӣ либосе мепӯшаду чӣ кор мекунад»,-мегӯяд Тоҳир.Ҳар меҳмони ин шаҳрак талош мекунад, ки беҳтарин акс бигирад, то аз Соли нав хотирае дошта бошад. Муҳаммад дар назди арча гитор менавозад ва муҳити тоҷикии ин намоишгоҳро бо таронаҳои маъруф зеб додааст. Ӯ донишҷӯ аст ва дар соатҳои фориғ аз дарсу омодагӣ ба имтиҳон, ҳамроҳ бо дӯстонаш таронасароӣ мекунад.Дар Тоҷикистон таҷлили иди Соли нав аз замони шӯравӣ расм шудааст ва имрӯз ҳам бисёр сокинони кишвар ин ҷашнро чун бахши муҳими ҳаёти хусусиву фарҳангии худ таҷлил мекунанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ин идро барои худ бегона меҳисобанд.Бар асоси барномаҳои имсолаи мақомот, рӯзи 1-уми январи соли 2019 истироҳати расмӣ барои коргарон ва то 10-уми январ таътили зимистонаи мактабӣ мебошад.

Сарвинози Рӯҳуллоҳ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *