Дар Душанбе Чемпионати Осиё баргузор мешавад
Президенти Конфедератсияи дучархаронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар бо сафари корӣ ба Душанбе омад, то ҷой ва шарту шароити баргузории аввалин Чемпионати дучархаронии Осиёро дар Душанбе баррасӣ кунад.
Баргузор кардани Чемпионати дучархаронии Осиё соли 2022 дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли равон дар мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи дучархаронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.
Дар робита ба баргузор кардани Чемпионати дучархаронии Осиё дар шоҳроҳ аз 25 то 28-уми марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни Конфедератсияи дучархаронии Осиё ва Федератсияи дучархаронии Тољикистон шартнома ба имзо расид.
Дучархаронӣ дар шоҳроҳ дар масофаи аз 150 то 240 километр ва дучархаронӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр баргузор мешавад. Макони баргузорӣ пас аз хулосаи ҳайати комиссияи техникӣ њоло эълон нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ