Дар Душанбе ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд

Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон — «Шифобахш» аз ҷониби ҷарроҳони Тоҷикистон ва ҷарроҳи Эрон Масуди Шервонӣ ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 мебошад.

Ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳароммағз ва майнаи сар гузаронида шуд.

Табибон дар мағзи сар низ ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар ин шуъба қаблан низ анҷом дода мешуд.

«Баргузории ин гуна амалиёти нодир бо ҷарроҳони хориҷӣ ба баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи ҷарроҳони ватанӣ мусоидат мекунад»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Пас аз анҷоми  амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати беморон хуб мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *