Дар Душанбе ду бинои баландошёнаро вайрон мекунанд

Дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур ду бинои баландошёнаи навсохт ба далели сохтакории ҳуҷҷатҳо ва қонунвайронкунӣ аз ҷониби соҳибони иншоот тахриб мешаванд.

Тибқи иттилои раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сокини 38-солаи шаҳри Душанбе, Азизмуҳаммадзода Ҷамшед Азизмуҳаммад, бо роҳи сохтакорӣ шаҳодатномаҳои қонунигардонии молу мулкро соҳиб гашта, худсарона ду бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохтааст.

Соҳиби  биноҳо ҳамзамон, бо тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ,  ба 16-нафар шаҳрвандон ҳуҷраҳои истиқоматиро ба фурӯш гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *