Дар Душанбе «Эко-таксӣ»ба фаъолият оғоз кард

Дар шаҳри Душанбе боз як ширкати кироякаш “Эко таксӣ” ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар расми рӯнамоии  400 электромобилҳои ширкат, муовини раиси шаҳри Душанбе Саидзода Фирдавс, роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Эко таксӣ” ва Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ иштирок доштанд.

Гуфта мешавад, ки фаъолияти ин ширкат дар доираи дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати гузариш ба иқтисоди сабз ва консепсияи гузаштан ба нақлиёти барқӣ то давраи соли 2026 ба роҳ монда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *