Дар Душанбе филиали маркази шиносномаву раводиди ВКД-и Русияро боз шуд
Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия Владимир Колоколтсев дар маросими ифтитоҳи филиали Корхонаи воҳиди федералии давлатии «Хизмати шиноснома ва раводид»-и Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон иштирок кард.
Владимир Колоколтсев қайд кард, ки аз замони ҳосил шудани тавофуқ дар бораи таъсиси ин намояндагӣ дар соли 2022 корҳои густурдаи дуҷониба анҷом дода шуданд. Масъалаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникӣ хал карда шуданд. Мақсади асосии таъсиси намояндагӣ иҷрои як қатор чорабиниҳои омодагӣ, аз ҷумла санҷиши пеш аз сафар дар қаламрави Тоҷикистон мебошад.
Акнун шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз қайди изи ангуштон гузаранд ва манъи вуруд ба қаламрави Русияро дар дохили ҷумҳурӣ тафтиш кунанд.
Намояндагии мазкур дар назди бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ