Дар Душанбе фоҳишахонаи хитоию ветнамӣ ошкор шуд
Ҳу Вен Данг Ми ва Ван Вен Мин рӯзи 3 декабр се зан аз Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнамро бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи ҷои кор дар як тарабхона дар Русия тавассути шаҳри Алма-Ато ба Душанбе, ба хонаи иҷорагирифтаашон дар кӯчаи Шедрин оварда, дидаю дониста ба асорати қарзӣ гирифтор кардаанд.
Онҳо хонаи Баҳриддин Қудратовро, ки барои истифода ба сифати меҳмонхона ба иҷора гирифта буданд, ба фоҳишахона табдил дода, мунтазам ин се зан аз Ветнамро ба шаҳрвандони Хитой, ки ба ин хона барои фароғат меомаданд, барои ҳамхобагӣ мефурӯхтанд ва дар муддати ду моҳ аз ҳисоби ҳар як зани ҷабрдида 5200-долларӣ фоида ба даст овардаанд.Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар кӯчаи Шедрини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фоҳишахонаеро ошкор карданд, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии халқии Хитой ва Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам ташкил шуда буд.Бино ба гузорише, ки шоми 20 феврал дар барномаи телевизионии «Сипар -Ахбори ВКД” нашр шуд, ин далели савдои инсон ва ташкили фоҳишахона аз ҷониби шаҳрвандони Чину Ветнамро кормандони Маркази муқовимат бо савдои инсони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ошкор кардаанд.Дар ҷараёни як амалиёт кормандони ин ниҳод дар кӯчаи Шедрин дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахти Тоҷикистон муайян кардаанд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии халқии Хитой Ван Вен Мин, соли таваллудаш 1987, ва шаҳрванди Ҷумҳурии сотсиалистии Ветнам Ҳу Ван Данг Ми, соли таваллудаш 1990, хонаи рақами 10 дар кӯчаи Шедринро аз Қудратов Баҳриддин Муҳибуллоевич, с.т. 1961, ба иҷора гирифта, ин хонаро ба фоҳишахона табдил дода ва ба савдои одамон машғул шудаанд.Дар гузориш аз ҷумла гуфта мешавад: «Бино ба баёноти гумонбарон, Ҳу Ван Данг Ми бо маслиҳати пешакӣ бо Ван Вен Мин бо роҳи фиреб бо баҳонаи ҳамчун пешхидмат дар як тарабхона дар Русия бо ҷои кор таъмин кардан ҳамватанони хеш – шаҳрвандони Ветнам Тран Май Тихитвен, с.т. 1985, Фан Чуп Тхи Ким, с.т. 1983 ва Ле Кук Тҳиро, ки ҳар се бевазан ва соҳиби фарзанд буда, ба ҷои кор эҳтиёҷ доштанд, ҷалб намуда, санаи 3 декабри соли 2018 онҳоро тавассути шаҳри Алма-Атои Қазоқистон ба шаҳри Душанбе овардааст.”Сипас Ҳу Вен Данг Ми ва Ван Вен Мин ин се занро ба хонаи иҷорагирифтаашон дар кӯчаи Шедрин оварда, «дидаю дониста ба асорати қарзӣ гирифтор кардаанд. Онҳо хонаи Баҳриддин Қудратовро, ки барои истифода ба сифати меҳмонхона ба иҷора гирифта буданд, ба фоҳишахона табдил дода, мунтазам ин се зан аз Ветнамро ба шаҳрвандони Хитой, ки ба ин хона барои фароғат меомаданд, барои ҳамхобагӣ мефурӯхтанд ва дар муддати ду моҳ аз ҳисоби ҳар як зани ҷабрдида 5200-долларӣ фоида ба даст овардаанд.”Ҳу Вен Данг Ми ва Ван Вен Мин ҳамчунин шиносномаҳои ҳарсе занро гирифта, ба он онҳо имкони мулоқот бо якдигар намедодаанд.Ҳоло нисбати Ҳу Вен Данг Ми ва Ван Вен Мин бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон – 130, қисми 1 (савдои одамон) ва 239 (ташкили фоҳишахона ва даллагӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ