Дар Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB баргузор мегардад
Рӯзҳои 19-20 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии TRAVEL HUB «Иттиҳод-2024» баргузор мегардад.
Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон хабар додаааст.
Дар форум намояндагони мақомоти давлатии аъзои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва парламент, роҳбарони ассотсиатсияҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, коршиносон ва соҳибкорон иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои кумитаи мазкур, мақсад аз баргузории форум муайян намудани самтҳои нави рушди сайёҳӣ ва дастгирӣ дар давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, пешниҳоди ташаббусҳои нави қонунгузорӣ дар ин самт, инчунин фароҳам овардани платформа барои табодули таҷриба ва маълумот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ