Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Рӯзҳои 26-28 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодии навбатии СПЕКА-2024 (Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон) дар мавзуи «Рушди сабз дар минтақаи СПЕКА» баргузор мегардад.
Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд.
Бояд гуфт, ки Форуми иқтисодии навбатии СПЕКА-2024 дар асоси пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар кори форум зиёда аз 100 намояндаи кишварҳои аъзои Барномаи махсуси иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуда, дар самтҳои калидии рушди минтақавӣ ва ҳамкории муштарак мубоҳиса мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ