Дар Душанбе Форуми сармоягузорони Тоҷикистону Русия баргузор мешавад
Бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузорони Тоҷикистону Русия баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Кумитаи мазкур, дар кори Форум доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Русия, мутахассисон ва коршиносони соҳа иштирок мекунанд. Дар он иштироки 150 нафар соҳибкорону сармоягузорон аз ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории ду кишвар дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки дар рафти Форум ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳо дар самтҳои тиҷоративу иқтисодӣ сармоягузорӣ, кишоварзӣ, саноат, энергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Хабарҳои моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ