Дар Душанбе хабарнигорони “Озодӣ” таҳқир шуданд
Хабарнигорони Радиои Озодӣ Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз тарафи баъзе аз ронанда ва «кондуктор»-ҳо таҳқир шуданд.
Хабарнигорони Радиои «Озодӣ» Шодмони Ятим ва Алишер Зарифӣ ҳангоми таҳияи гузориш дар бораи кори нақлиёти ҷамъиятии Душанбе аз тарафи баъзе аз ронанда ва «кондуктор»-ҳо таҳқир шуданд.
Ҳодиса 13-уми июн дар истгоҳи назди фурӯшгоҳи «Садбарг» рух додааст. Хабарнигорон мехостанд, ҷараёни кори автобуси рақами чаҳорро ба навор гиранд, ки аз вақти муайяншуда дар истгоҳ бештар истодааст. Вақте ронандаву пулчини он диданд, ки ҷараёни корашон сабт мешавад, талош карданд, монеи кори хабарнигорон шаванд ва яке ба Шодмони Ятим, наворбардори “Озодӣ” дарафтодааст.
Ба гуфтаи Шодмони Ятим, ронандаи автобус бо хашм аз гиребони ӯ гирифта, айнак ва корти хабарнигориашро ба замин ҳаво дод. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, онҳо аввал худро ба ронанда шинос карда, корти хабарнигориро ҳам пешниҳод намуданд.
Алишер Зарифӣ, хабарнигори дигари “Озодӣ” мегӯяд, каме дуртар аз онҳо нозирони роҳ ва намояндагони бахши нақлиёти Душанбе ҳам буданд. Ба суоли хабарнигорон, ки чаро онҳо наздик нашуданд ва дахолат накарданд, пулиси роҳ гуфтааст: «Шумо ба мо муроҷиат накардед.»
Бори аввал нест, ки хабарнигорон ҳангоми кор мавриди таҳқиру ҳамла қарор мегиранд. Ду моҳи пеш як хабарнигори тоҷик бо иддаои таҳқир шудан аз ҷониби як корманди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба Додситонии кул шикоят карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ