Дар Душанбе хонаҳои “ғайриқонуни”-ро хароб карданд

Маъюби гуруҳи дувум ҳастам, 108 сомонӣ нафақа мегирам. Танҳо як хонаро дар ин ҷо таъмир кардем, ҳоло барои сохтани бинои ошхона ва хоҷатхона зӯрамон нарасид

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 21-уми январ чандин хонаи навсохтро дар маҳаллаи Ҳуснободи шаҳри Душанбе пурра вайрон кардаанд. Онҳо гуфтанд, сокинон бе иҷоза дар ҷойи шинондани арчаҳо хона сохтанд. Мардум мегӯянд, ки барои бунёди манзил аз мақомот ҳуҷҷат доштанд.
Беш аз 15 хонаи навбунёд тахриб карда шудааст. Дар ин маърака кормандони прокуратура якҷо бо чанд маъмури милиса иштирок карданд. Ҳабибулло Хоҷаев, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ҳанӯз соли 2003 дар мавзеи Ҳуснобод як порча замин гирифта, хона сохт. Ӯ нақл кард, ки бо бародараш дар як манзил ҳамроҳи волидон зиндагӣ доранд ва барояшон тангӣ мекунад. “Бо сабаби он ки пул надоштам, сохтмон тӯл кашид. Маъюби гуруҳи дувум ҳастам, 108 сомонӣ нафақа мегирам. Танҳо як хонаро дар ин ҷо таъмир кардем, ҳоло барои сохтани бинои ошхона ва хоҷатхона зӯрамон нарасид», — гуфт ӯ рӯзи 23-юми январ.
Ӯ гуфт , ки дар даст се санад – шиносномаи техникии хона, акси кайҳонӣ ва қарор барои ҷудо шудани заминро доранд, вале мақомот онҳоро эътироф намекунанд.Сокинон мегуянд, ки чаро агар хонаҳо ғайриқонунӣ бошанд. Сари вақт садди роҳи онҳо нашуданду баъди гузашти солҳо ва сарфи маблағҳои калон дар сохтмон ин биноҳоро вайрон карданд?
«озодӣ»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *