Дар Душанбе китоби Шариф Ҳамдампур рӯнамоӣ мешавад
Санаи 24-уми декабр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон китоби публитсист Шариф Ҳамдампур “ВЗГЛЯД: лица и события от Памира до Кремля”, ки чанде пеш дар нашриёти бонуфузи “Родина”-и шаҳри Москва ба чоп расид, рӯнамоӣ хоҳад шуд.
Дар меҳвари китоби нави журналист Шариф Ҳамдампур лаҳзаҳо аз рӯзгори Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров аст, ки муаллиф онҳоро аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафарон, наздикони Бобоҷон Ғафуров ва бойгониҳо ҷамъ овардааст. Ин лаҳзаҳо на танҳо чеҳраи воқеии академик Ғафуровро боз мекунанд, балки парда аз рӯи ҳақиқати таърих мебардоранд.
Ҳамчунин, мусоҳибаҳо бо чеҳраҳои намоёни сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ки солҳои гуногун сурат гирифтаанд, шомили ин китоб гаридидаанд.
Хоҳишмандон метавонанд фардо дар ин ҷаласа ширкат кунанд.
Макон: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, толори маҷлисгоҳи Раёсат
Замон: 24-уми декабри соли 2021, соати 15:00
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ