Дар Душанбе Корхонаи дӯзандагии “Лола” ба истифода дода шуд
Дар хиёбони Рӯдакӣ 156-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Корхонаи дӯзандагии «Лола» мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳия, дар ин коргоҳи истеҳсолию дӯзандагӣ 30 нафар занону бонувони хонашин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин карда шудаанд.
Зимни маросими кушодашавӣ занону бонувон аз фароҳам шудани чунин шароит ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ миннатдорӣ баён намудаанд.
Гуфта мешавад, ки Корхонаи дӯзандагии «Лола» аввалин коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳисоб меравад, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғул аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ