Дар Душанбе марди ҷодугар боздошт шуд

Кормандони Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе Муҳаммадзуҳур Саломови 43 соларо ба гумони даст доштан дар фолбинӣ ва ҷодугарӣ дастгир намуданд. Дар ин бора аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки Саломов чанд муддат дар манзили худ шаҳрвандонро қабул карда, барои беҳтар кардани муносибатҳои байни зану шавҳар бо истифода аз аксу ришта, обу хармала хидмат мерасонад. Бо истифода аз ин воситаи қаллобӣ аз мизоҷонаш пул гирифтааст.

Нисбати Саломов тибқи талаботи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд. Додгоҳ ӯро ба мӯҳлати 10 рӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *