корд

Дар Душанбе марди 48 — сола бародарашро корд зад. Ӯ зинда аст?

Марди  48-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир шуд.  

Кормандони мақомоти милитсия ин мардро зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гумонбаршаванда дар хонаи истиқоматиашон аз сабаби нофаҳмӣ бо бародараш муноқиша намуда, ҳамдигарро зери латукуб қарор додаанд.

Сипас, гумонбаршаванда бо корд як маротиба ба шиками бародараш задааст, ки дар натиҷа номбурда зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда мешавад.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парванда боз шуда, тафтишот ҳоло идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *