Дар Душанбе Маркази кӯдакони болаёқат бунёд мешавад

Дар шаҳри Душанбе Маркази кӯдакони болаёқат бунёд мегардад. Маркази мазкур барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Инчунин, имкони ба истиқомат фаро гирифтани то 300 нафар хонандагон дар ин марказ вуҷуд дорад.

Масъалаи сохтмони Маркази кӯдакони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҳафтаи байналмилалии сохтмон зимни мулоқоти раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия Ирек Файзулин мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тибқи иттилои Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, Маркази кӯдакони болаёқат дар Душанбе барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, дар он тӯли сол то 300 нафар хонандагони болаёқат имконияти истиқомат карданро хоҳанд дошт.

Ирек Файзулин, вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии Федератсияи Русия аз сохтмончиёни тоҷик даъват намудааст, ки дар қисми рақобатии чемпионати байналмилалии сохтмон, ки соли оянда баргузор мегардад, ширкат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *