Дар Душанбе метро месозанд
Байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати Роҳи оҳани миллии Корея барои сохтмони метро дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум ба имзо расидаст. Тавре ки ин вазорат хабар додааст, Ёддошти тафоҳумро Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва аз ҷониби ширкати Роҳи оҳани миллии Корея, раис – директори иҷроияи он Ким Ҳангёнг ба имзо расонидаанд.
Азим Иброҳим зикр кардааст, ки баимзорасонии тафоҳумномаи мазкур барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, имкон медиҳад, ки ҳамкории дуҷонибаи ниҳодҳоямонро қавӣ намоем.
«Ёддошти тафоҳум имконияти ҷалби ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяро барои татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории соҳаи нақлиёт, ки аҳамияти минтақавӣ доранд, васеъ менамояд», — таъкид намудааст Азим Иброҳим.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ