Дар Душанбе нахустин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Рӯзҳои 25-27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024) баргузор мегардад.
Дар ин хусус қарори раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Дар доираи намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ доир карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (DITE-2024) рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ