Дар Душанбе панҷ нафар барои боло бурдани нархи гӯшт ҷазо гирифтанд

Кормандони милитсияи пойтахт алайҳи панҷ нафар фурӯшандаи гӯшт барои беасос гарон кардани нарх парвандаи маъмурӣ боз карданд.

Қаблан Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба соҳибкорону тоҷирон ҳушдор дода буд, ки дар моҳи Рамазон нархи маҳсулоти озуқавориро беасос боло набаранд, дар акси ҳол, нисбати қонуншиканон чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда, милитсия болоравии нархи гӯштро дар бозорҳо ва марказҳои савдо ошкор кардааст.

«Зимни санҷиш муайян шуд, ки шаҳрвандон Ҷалилов А., Келдияров Б., Исмоилов И., Каримов А. ва Раҳимзода А., ки дар марказҳои савдои ‘Баҳор’, ‘Садбарг’ ва хиёбони Рӯдакӣ фаъолият мекунанд, нархи гӯштро худсарона гарон кардаанд. Дар нархнома 75 сомонӣ нишон дода шудааст, аммо онҳо як килограмми гӯштро аз 95 то 100 сомонӣ мефурӯхтаанд»,— омадааст дар изҳороти Раёсати ВКД дар Душанбе.

Бар асоси моддаи 555 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, алайҳи ин шахсон парвандаҳои маъмурӣ боз шуда, нисбаташон чораҷӯӣ шудааст.

Назари худи дӯкондорон дар робита ба ин қазия дастрас нест.

Милитсияи Душанбе мегӯяд, амалиёти санҷишӣ барои пешгирии чунин ҳолатҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image