Дар Душанбе партовгоҳҳои зеризаминӣ месозанд
Дар шаҳри Душанбе нуқтаҳои зеризаминӣ барои ҷамъоварии партов бунёд мешаванд.
Бунёди нуқтаҳои замонавии ҷамъоварии партов бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии шаҳр ба нақша гирифта шудааст.
Тавре ки аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба Pressa.tj хабар доданд, нуқтаҳои нав дар наздикии биноҳои нави баландошёнаи пойтахт ҷойгир карда мешаванд.
Контейнерҳои махсуси зеризаминӣ барои ҷудо кардани партовҳо ба категорияҳои гуногун тарҳрезӣ шуда, ба сокинон имкон медиҳанд, ки ба масъалаҳои экологӣ бошуурона муносибат намоянд.
Ба гуфтаи масъулини кумитаи мазкур, ҳар як контейнер бо навиштаҷоте аломатгузорӣ карда мешавад, ки кадом намуди партовҳоро дар як қуттии муайян ҷойгир кардан лозим аст.
Навсозии системаи ҷамъоварии партовҳо ба соли “Маърифати экологӣ дар Душанбе”, ки соли 2024 эълон шудааст, иртибот дорад.
Инчунин, мақомот назоратро дар кӯчаҳо ва ҷойҳои партовҷамъкунӣ тавассути бо камераҳои назоратӣ тақвият медиҳанд. Ҳоло дар 50 минтақаи осебпазири пойтахт аллакай камераҳо насб карда шудаанд.
Аммо сарфи назар аз ёдраскуниҳои мунтазам дар бораи зарурати риояи ҷадвали партовҳо, ҷойгиркунии партовҳо дар ҷойҳои номаълум мушкил боқӣ мемонад.
Бинобар ин, ба сокинони пойтахт тавсия дода шудааст, ки қоидаҳои партофтани партовро риоя кунанд, то шаҳр тоза нигоҳ дошта шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ